Қарзҳои гуногунмақсад

Маълумоти оммавӣ дар бораи қарзҳо

ҶДММ ТАҚХ “Оксус” намудҳои гуногунӣ қарзро аз рӯӣ тарофаҳои амалкунандаи ташкилот барои мизоҷон пешниҳод менамояд. Аз ҷумла қарзҳо барои рушди тиҷорат ва кишоварзӣ, қарзҳои сабз, қарзҳои фаврӣ, қарзҳои истеъмолӣ, қарзҳои бисёрсоҳавии бегарав ва ғайраҳо.

Усули пардохти қарз

Ҳамаи қарзҳои ҷорӣ бо усули ануитетӣ пардохт намуда мешаванд. Усули ануитетии пардохт ин пардохти қарз бо маблағи баробари ҳармоҳа ба ҳисоб меравад. Давраи пардохт як моҳи тақвимӣ мебошад (360 ё 365 рӯз гирифта мешавад).

Ҷарима

Ҳангоми сари вақт пардохт накардани маблағи қарз, мувофиқи шартнома ҷарима ситонида мешавад. Ҷарима барои ҳар як рӯзи ба таъхир афтодан аз боқимондаи умумии қарзи асосӣ ҳисоб мешавад.

Таърихи қарзӣ

Иттилоот дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад. Мизоҷ барои пешниҳоди маълумот розигии худро медиҳад ё метавонад дар ариза норозигии худро изҳор намояд.

Ба таъхир афтодани қарз

Дар ҳолати сари вақт пардохт накардани қарз, ташкилот ҳуқуқ дорад амволи ба гарав гирифташударо барои таъмини уҳдадориҳо истифода барад.

Дархости маълумот

Шумо ҳуқуқ доред оиди бақияи қарз, фоизҳо ва ҷаримаҳои ҳисобшуда ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ маълумот дастрас намоед.

Меъёри фоизи қарз

Ифодаи фоизие, ки нисбат ба қарз барои давраи муайяни ҳисобкунии он муқаррар карда мешавад.

Огоҳӣ дар бораи тағйирёбии қурби асъор

Огоҳ менамоем, ки ҳангоми гирифтани қарз бо асъори хориҷӣ, тағйирёбии қурби мубодилавӣ метавонад ба андозаи пардохтҳои қарзӣ ва хароҷоти шумо таъсири мустақим расонад.

Меъёри самараноки фоизии солона

Меъёри самараноки фоизии солона - ифодаи фоизие, ки тибқи он фоизи қарз бо дар назар доштани тамоми пардохтҳои хизматрасонии қарз, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзӣ пардохта мешаванд, ҳисоб карда мешавад.

Аз рӯи баробарии зерин ҳисоб карда мешавад:

Formula: S = (k * r * t) / D
S: Маблағи ҳисобшудаи фоизи қарз
k: Бақияи қарз
r: Фоизи солонаи қарз
t: Рӯзҳои истифодабарии қарз
D: Рӯзҳои календарӣ дар сол

Формулаи IRR:

Formula: IRR = (Pt / (S + F)) ^ (1/t) – 1
Pt: Пардохтҳо барои давраи t
t: (1, .., N) – Шумораи давраҳо
S: Маблағи қарзӣ додашуда
F: Хароҷотҳои хизматрасонӣ дар вақти гирифтан

Намунаи ҳисоби ҷадвали пардохт

Маблағ: 15,000 TJSФоизи солона: 24.00%Комиссия: 1%
Меъёри самаранок: 25.19%
№Санаи пардохтҚарзи асосӣ (TJS)Фоизҳо ва хизматрасонӣ (TJS)Умумии пардохт (TJS)Бақияи қарз (TJS)
120.09.20241,192.82220.001,412.8215,000.00
221.10.20241,127.47285.351,412.8213,807.18
320.11.20241,159.23253.591,412.8212,679.71
420.12.20241,182.41230.411,412.8211,520.48
520.01.20251,199.17213.651,412.8210,338.07
620.02.20251,223.95188.871,412.829,138.90
720.03.20251,265.07147.751,412.827,914.95
821.04.20251,270.96141.861,412.826,649.88
920.05.20251,308.83103.991,412.825,378.92
1020.06.20251,328.7084.121,412.824,070.09
1121.07.20251,356.1656.661,412.822,741.39
1220.08.20251,385.2327.701,412.931,385.23
Ҳамагӣ:15,000.001,953.9516,953.95 TJS-

Донистан муфид аст

Синну соли мизоҷ аз 18 то 65 сола. Доштани даромади доимӣ (маош ё фаъолияти соҳибкорӣ) ва таърихи мусбати қарзӣ ҳатмист.

Бале, ин ҳуҷҷатҳо барои баррасии дархост ҳатмӣ мебошанд.

Шумо метавонед дархостро онлайн тавассути ҳамин сайт гузоред ё ба яке аз филиалҳои мо бо шиноснома ташриф оваред.

Пас аз гузоштани дархост, мутахассиси мо бо шумо тамос мегирад. Баррасӣ одатан аз 30 дақиқа то 1 рӯзи корӣ вақтро мегирад.

Сабабҳои асосӣ: таърихи манфии қарзӣ дар дигар бонкҳо, даромади нокифоя барои пардохти моҳона ё пешниҳоди маълумоти нодуруст.