• +992 98 591 00 10
  • Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. Вам необхідно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.

Ҳуқуқи мизоҷ

Муроҷиат ба ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС»

Ҳар як мизоҷи ташкилот бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои марбут ба қарзҳо, пасандозҳо, интиқоли маблағ ва ғайра, ҳуқуқ дорад шикоят ё пешниҳоди худро ба ташкилот ирсол намояд. Ин муроҷиатҳо барои рушди устувори фаъолияти ташкилот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, аҳамияти ҷиддӣ дошта, баррасии чунин муроҷиатҳо таҳти назорати Роҳбарияти куллии ташкилот қарор дорад.

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои мизоҷон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар ташкилот баррасӣ карда мешаванд. Мӯҳлати умумии баррасии арзу шикоятҳо наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Ба муроҷиаткунанда дар давоми се рӯзи корӣ оид ба қабул гардидани муроҷиат хабар дода мешавад.

Шаклҳои қабули арзу шикоятҳо

Хаттӣ:

  • муроҷиат дар шакли қоғазӣ ба роҳбари воҳиди сохтории ташкилот ва ё тариқи сандуқи арзу шикоятҳо.
  • ирсоли арзу шикоят ба почтаи электронии ташкилот.
  • ҷойгир кардани арзу шикоят дар сомонаи расмӣ ё саҳифаҳои иҷтимоии ташкилот

Шифоҳӣ:

  • арзу шикояти телефонӣ тавассути Маркази тамоси ташкилот ба рақами 985910010.
  • ҳангоми қабули роҳбарияти ташкилот/воҳиди сохторӣ.

Қисми кор бо арзу шикоятҳо

Дар ҶДММ ТАҚХ «ОКСУС» сохтори махсус — «Қисми кор бо арзу шикоятҳо» фаъолият мекунад, ки барои қабул, муҳокима ва баррасии ҳама гуна муроҷиатҳои марбут ба хизматрасониҳои ташкилот масъул мебошад.

 

Мирсаидова Нафисабону Сайфулложоновна

Ҳамоҳангсози Нишондиҳандҳои Иҷтимоӣ ва Муҳити Зист
Тамос +992 98 429 97 97