• +992 98 591 00 10
  • Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. Вам необхідно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.

Post Formats

  • ОКСУС Таджикистан
  • ОКСУС Таджикистан
  • ОКСУС Таджикистан
  • ОКСУС Таджикистан
  • ОКСУС Таджикистан

Рӯзи Умумиҷаҳонии Пасандоз

Неактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зіркаНеактивна зірка
 

ҶДММ ТҚХ «ОКСУС» бахшида ба Рӯзи Умумиҷаҳонии Пасандоз (World Savings Day), ки ҳамасола дар тамоми дунё санаи 31 октябр таҷлил мегардад, бо мақсади мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии кӯдакону наврасон ва омодагӣ ба ояндаи масъулонаи молиявӣ, санаи 25 – 30 октябри соли 2021 семинарҳои иттилоотӣ гузаронид.

Семинарҳои номбурда дар мавзӯи “Пасандоз ва тарзи ҷамъоварии он” дар ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои Суғд ва Хатлон, аз ҷумла Б.Ғафуров, Истаравшан, Темурмалик, Данғара, Мӯъминобод, Ҷайҳун ва Шаҳритус аз тарафи кормандони ташкилот гузаронида шуданд. Иштирокиён аз ҷумлаи толибилмони синфҳои 7 – 9 буда дар чорабинии мазкур бо завқи хоса ширкат варзиданд. Маводҳо асосан дар мавзӯи тарзи ҷамъ кардани пули киссагӣ бо мақсади пасандоз намудан, нисбати пулу ашё ва дигар неъматҳои моддӣ боэҳтиёт будан ва самаранок истифода бурдани онҳо, таҳияи нақшаи молиявӣ ва инчунин маълумот оиди сохтори бонкии ҶТ, фарқияти ташкилотҳои молиявӣ аз якдигар ва ғайра омода шуда буданд.

Семинарҳои иттилоотӣ бо усули интерактивӣ гузаронида шуда толибилмон дар рафти саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд ва иброз доштанд, ки маводҳо барояшон хеле писанд аст.


#OXUS
 #ОКСУС #Savings #РӯзиУмумиҷаҳонииПасандоз #Сбережений #СверойВуспех #Withbelievetosuccess


© 2023 ҶДММ ТҚХ «ОКСУС» Иҷозатномаи БМТ аз 16 октябри соли 2013.