Рақамикунонии андозбандӣ барои соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон: Паст кардани меъёрҳо, автоматикунонӣ ва бекор кардани санҷишҳо
- Перегляди: 997
Рейтинг користувача: 5 / 5





Рейтинг користувача: 5 / 5





Санаи 31 январи соли 2022 байни ТҚХ «Оксус» ва ФҚХ «Фонди бозтамвил», бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолии фаъол ба захираҳои молиявии арзон ва ҷалби соҳибкорон ба раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бояд қайд намуд, ки хати қарзӣ пешниҳодшуда аз ҷониби ФҚХ «Фонди бозтамвил» барои мусоидат ба рушди низоми молия дар минтақаҳои дурдасти кишварамон равона мегардад.










ҶДММ ТҚХ «ОКСУС» бахшида ба Рӯзи Умумиҷаҳонии Пасандоз (World Savings Day), ки ҳамасола дар тамоми дунё санаи 31 октябр таҷлил мегардад, бо мақсади мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии кӯдакону наврасон ва омодагӣ ба ояндаи масъулонаи молиявӣ, санаи 25 – 30 октябри соли 2021 семинарҳои иттилоотӣ гузаронид.
Семинарҳои номбурда дар мавзӯи “Пасандоз ва тарзи ҷамъоварии он” дар ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои Суғд ва Хатлон, аз ҷумла Б.Ғафуров, Истаравшан, Темурмалик, Данғара, Мӯъминобод, Ҷайҳун ва Шаҳритус аз тарафи кормандони ташкилот гузаронида шуданд. Иштирокиён аз ҷумлаи толибилмони синфҳои 7 – 9 буда дар чорабинии мазкур бо завқи хоса ширкат варзиданд. Маводҳо асосан дар мавзӯи тарзи ҷамъ кардани пули киссагӣ бо мақсади пасандоз намудан, нисбати пулу ашё ва дигар неъматҳои моддӣ боэҳтиёт будан ва самаранок истифода бурдани онҳо, таҳияи нақшаи молиявӣ ва инчунин маълумот оиди сохтори бонкии ҶТ, фарқияти ташкилотҳои молиявӣ аз якдигар ва ғайра омода шуда буданд.
Семинарҳои иттилоотӣ бо усули интерактивӣ гузаронида шуда толибилмон дар рафти саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд ва иброз доштанд, ки маводҳо барояшон хеле писанд аст.
#OXUS #ОКСУС #Savings #РӯзиУмумиҷаҳонииПасандоз #Сбережений #СверойВуспех #Withbelievetosuccess

Рейтинг користувача: 5 / 5





Зебӣ Одинаева яке аз мизоҷонест, ки тайи 6 соли охир бо OXUS Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Қарзи аввалини ӯ $ 1000 буд, ки вай соли 2012 барои оғози фаъолияти боғдорӣ (кишти картошка) гирифта буд. Ба туфайли иқлими маҳаллӣ ва машварат бо агрономҳо вай тавонист ҳосили дилхоҳро ба даст орад ва таҷрибаи аввалини ӯ дар қарзгирӣ хеле бомуваффақ буд. Баъди чунин таҷрибаи бомувафаққият, вай тасмим гирифт, ки ҳамкориро идома диҳад ва манбаъи даромади худро васеъ кунад, инчунин кишти зироатҳои гуногун ба монанди картошка ва гандумро ба роҳ монад. Ӯ чорводорӣ ва хариди говҳоро барои худ ҳамчун мақсад гузошт. Натиҷаҳои фаъолияти ӯ вазъи иқтисодии оилаашро устувор карданд. Зинаи навбатии ҳамкории ӯ бо "OXUS Тоҷикистон" бо беҳтар намудани шароити зисти хонавода, таъмири хона ва харидани техникаи гуногуни маишӣ оғоз гардид. Ҳамин тариқ, вай зина ба зина 3 қарзи дигар гирифт. Охирин қарзи гирифтаи ӯ аз ташкилот 4000 сомонӣ буд. Ба шарофати шароити қулай ва қарзҳои дастраси "OXUS Тоҷикистон" Зебӣ Одинаева ҳадафҳои худро амалӣ кард ва ин амал ӯро зани хушбахт ва муваффақ гардонд.