Маҳсулотҳои қарзӣ
Мо ба мизоҷон маҳсулоти гуногуни қарзиро барои пешбурди тиҷорат ва талаботҳои истеъмолию маишӣ пешниҳод менамоем!
ҚАРЗ БАРОИ ТИЧОРАТ
Барои рушди соҳибкорӣ - Маблағ: аз 500 то 400 000 сомони
- Муҳлат: аз 6 то 36 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: аз 6 моҳ
- Муфассал
ҚАРЗИ ФАВРӢ
Барои мақсадҳои гуногун - Маблағ: аз 500 то 250 000 сомони
- Муҳлат: аз 3 то 36 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 3 моҳ
- Барраси: аз 30 дақиқа то 3 соат
ҚАРЗ БЕ ГАРАВ
Барои эҳтиёҷоти гуногун - Маблағ: аз 500 то 30000 сомони
- Муҳлат: аз 6 то 36 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 9 моҳ
ҚАРЗИ ИСТЕМОЛӢ
Барои эҳтиёҷоти гуногун - Маблағ: аз 500 то 100 000 сомони
- Муҳлат: аз 6 то 24 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 3 моҳ
ҚАРЗИ КИШОВАРЗӢ
Барои рушди кишоварзӣ - Маблағ: аз 500 то 250 000 сомони
- Муҳлат:: аз 6 то 24 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 9 моҳ
ҚАРЗИ САБЗ-КИШОВАРЗӢ
На развитие сельского хозяйства - Маблағ: аз 1000 то 100 000сомони
- Муҳлат: аз 18 то 48 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 9 моҳ
ХОНАИ САБЗ
Барои беҳдошти шароити манзил ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии қувваи барқ ва об - Маблағ: аз 1000 то 50 000 сомони
- Муҳлат: аз 12 то 48 моҳ
- Таъминот: бе гарав то 15000 сомони
- Муҳлати имтиёзнок: то 3 моҳ
- Муфассал
ҚАРЗИ ГУРУҲИ
Рушди соҳаи кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ба ҳар гуна талаботи маишӣ - Маблағ: аз 1500 то 100 000 сомони
- Ҳайати гурӯҳ: на камтар аз 3 нафар
- Муҳлат: аз 6 то 24 моҳ
- Муҳлати имтиёзнок: то 6 моҳ
- Барраси: аз 1 то 3 руз
Маълумоти оммавӣ дар бораи қарзҳо
ҶДММ ТҚХ “Оксус” намудҳои гуногунӣ қарзро аз рӯӣ тарофаҳои амалкунандаи ташкилот барои мизоҷон пешниҳод менамояд. Аз ҷумла қарзҳо барои рушди тиҷорат ва кишоварзӣ, қарзҳои сабз, қарзҳои фаврӣ, қарзҳои истеъмолӣ, қарзҳои бисёрсоҳавии бегарав ва ғайраҳо.
Усули пардохит қарз
- Ҳамаи қарзҳои ҷорӣ бо усули ануитетӣ пардохт намуда мешаванд. Усули ануитетии пардохт ин пардохти қарз бо маблағи баробари ҳармоҳа ба ҳисоб меравад (маблағи қарзи асосӣ ва фоизи қарз). Давраи пардохт як моҳи тақвими (як соли тақвими аз ҳисобӣ 360 ё 365 руз гирифта мешавад).
Ҷарима ҳангоми сари вақт пардохт накардани маблағи қарз
- Ҳангоми сари вақт пардохт накардани маблағи уҳдадорӣ, мувофиқи шатрҳои шартнома ҷарима ситонида мешавад. Ҷарима барои ҳар як рузи ба таъхир афтодани қарз аз боқимондаи умумии қарзи асосӣ мувофиқи ҷадвали қарзӣ ҳисоб намуда мешавад.
Таърихи қарзӣ
- Таърихи қарз– иттилооти мусбат ё манфии иҷрои ўҳдадориҳои субъекти таърихи қарз аз рўйи шартномае, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад; Барои пешниҳоди маълумот ба Бюрои таърихи қарз мизоҷ розигии худро медиҳад. Мисол “Ман розӣ ҳастам, ки иттилоот дар бораи ман ба Бюрои қарзӣ дода шавад”. Агар мизоҷ рози набошад вай ҳуқуқ дорад дар ариза оиди норозӣ буданаш инро изҳор намояд. “Ман розӣ нестам, ки иттилоот дар бораи ман ба Бюрои қарзӣ дода шавад”.
Ба таъхир афтодани қарз
- Дар ҳолати сари вақт пардохт накардани маблағи қарз, ташкилот ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи шартҳои шартномаи басташуда ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ба гарав гирифташударо барои таъмини уҳдадориҳои пардохти қарз, фоиз ва ҷаримаҳои ҳисобшуда истифода барад.
Дархости маълумот дар бораи қарз аз тарафи мизоҷ
- Шумо ҳуқуқ доред оиди бақияи қарз, фоизҳои қарз инчунин ҷаримаҳои ҳисобшуда ба таври шифоҳи ва ё хаттӣ маълумот дастрас намоед.
Меъёри фоизи қарз
- Меъёри фоизи қарз - ифодаи фоизие, ки нисбат ба қарз барои давраи муайяни ҳисобкунии он муқаррар карда мешавад.
Меъёри самараноки фоизии солона
- Меъёри самараноки фоизии солона - ифодаи фоизие, ки тибқи он фоизи қарз бо дар назар доштани тамоми пардохтҳои хизматрасонии қарз, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзӣ пардохта мешаванд, ҳисоб карда мешавад.
Меъёри самараноки фоизии солонаи қарз аз рӯӣ баробарии зерин ҳисоб карда мешавад: | |
---|---|
Формула: | S = (k * r * t) / D |
S | Маблағи ҳисобшудаи фоизи қарз |
k | Бақияи қарз |
r | Фоизи солонаи қарз |
t | Рӯзҳои истифодабарии қарз |
D | Рӯзҳои календарӣ дар сол (.... рӯз) |
Формулаи IRR - Меъёри самараноки фоизии солона: | |
---|---|
Формула: | IRR = (Pt / (S + F)) ^ (1/t) – 1 |
Pt | Пардохтҳо барои давра t |
t | (1, .., N) – Шумораи давраҳо |
S | Маблағи қарзӣ додашуда |
F | Хароҷотҳои хизматрасонӣ дар вақти гирифтани қарз |
Намунаи ҳисоби ҷадвали пардохти қарз | |
---|---|
Маблағи тасдиқшудаи қарз: | 15,000.00 |
Меъёри фоизи солона: | 24.00% |
Ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия): | 1% |
Меъёри фоизи самараноки солона: | 25.19% |
№ пардохт | Таърихи пардохт | Маблағи пардохт оиди баргардонидани қарз, сомонӣ | Маблағи пардохти фоизҳо ва ҳаққи хизматрасонӣ, сомонӣ | Маблағи умумии пардохт, сомонӣ | Бакияи карз, сомонӣ |
---|---|---|---|---|---|
1 | 9/20/2024 | 1,192.82 | 220 | 1,412.82 | 15,000.00 |
2 | 10/21/2024 | 1,127.47 | 285.35 | 1,412.82 | 13,807.18 |
3 | 11/20/2024 | 1,159.23 | 253.59 | 1,412.82 | 12,679.71 |
4 | 12/20/2024 | 1,182.41 | 230.41 | 1,412.82 | 11,520.48 |
5 | 1/20/2025 | 1,199.17 | 213.65 | 1,412.82 | 10,338.07 |
6 | 2/20/2025 | 1,223.95 | 188.87 | 1,412.82 | 9,138.90 |
7 | 3/20/2025 | 1,265.07 | 147.75 | 1,412.82 | 7,914.95 |
8 | 4/21/2025 | 1,270.96 | 141.86 | 1,412.82 | 6,649.88 |
9 | 5/20/2025 | 1,308.83 | 103.99 | 1,412.82 | 5,378.92 |
10 | 6/20/2025 | 1,328.70 | 84.12 | 1,412.82 | 4,070.09 |
11 | 7/21/2025 | 1,356.16 | 56.66 | 1,412.82 | 2,741.39 |
12 | 8/20/2025 | 1,385.23 | 27.70 | 1,412.93 | 1,385.23 |
Ҳамагӣ | 15,000 | ||||
Маблағи умумии пардохт, сомонӣ | 16,953.95 |